Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Николай Бордюжа

07.10.2013 18:07, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Николай Бордюжаро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ дар доираи ин созмон баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба татбиқи босамари санадҳои дар ҳамоиши охири сарони давлатҳои СААД, 23 сентябри соли 2013 баимзорасида доир ба кумаки фаврии техникӣ ба нерӯҳои марзӣ ва дигар сохторҳои дахлдори Тоҷикистон барои пурзӯр намудани ҳифзи марзи давлатӣ бо Афғонистон зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки иҷрои пурра ва саривақтии ин санадҳо ба нафъи таҳкими амнияту субот дар кулли минтақа хоҳад буд.

Тавре иттилоъ дода шуд, кумаки мазкур бояд дар муддати 3 моҳ расонда шавад.

Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба дигар масоили ҳамкорӣ гуфтугӯй сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520