Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Узви Кумитаи робитаҳои хориҷии Бундестаги (Парлумони) Ҷумҳурии Федеролии Олмон Михаэл Глос

02.10.2013 18:56, шаҳри Душанбе

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Узви Кумитаи робитаҳои хориҷии Бундестаги (Парлумони) Ҷумҳурии Федеролии Олмон Михаэл ГЛОС-ро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Олмон, аз ҷумла робитаҳои рушдёбандаи миёни парлумонҳои ду кишвар баррасӣ шуд.

Бо таваҷҷуҳи зиёд ба таҳким ва густариши ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ миёни Тоҷикистону Олмон ҳарду ҷониб дурнамои ин равандро умедбахш номиданд.

Изҳори итминон карда шуд, ки ба роҳ мондани ҳамкории васеъ дар соҳаҳои бунёдии иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла энергетика, бахшҳои гуногуни саноат, кишоварзӣ ва ғайра ба нафъи ҳарду давлат ва шарикони минтақавии онҳо хоҳад буд.

Михаэл Глос изҳор дошт, ки Олмон ба рушди ҳамкории гуногунҷанба бо Тоҷикистон сидқан ҳавасманд аст.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба авзои минтақа ва ҷаҳон ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520