Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Директори идоракунандаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба Туркия, Аврупои Шарқӣ, Қавқоз ва Осиёи Марказӣ Оливе Декамп

16.07.2011 13:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори идоракунандаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба Туркия, Аврупои Шарқӣ, Қавқоз ва Осиёи Марказӣ Оливе Декампро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории кунунӣ ва роҳҳои густариши дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ шуд. Таваҷҷўҳи зиёд ба роҳҳои татбиқи мувофиқаҳое, ки миёни Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти сохторҳои Иттиҳоди Аврупо зимни сафарҳои расмии ў ба шаҳрҳои Страсбург, Люксембург ва Брюсел, аз ҷумла дар Шўрои Аврупо, Парлумони Иттиҳоди Аврупо, Комиссияи Аврупо ва дигар сохторҳо ба даст омадаанд, зоҳир карда шуд.

Зимни сўҳбат аз рушди бонизоми ҳамкории Тоҷикистону Бонки аврупоии таҷдид ва рушд изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Зикр гардид, ки тайи солҳои охир бо дастгирии ин бонк дар Тоҷикистон 44 лоиҳа ба маблағи зиёда аз 100 миллион доллари амрикоӣ татбиқ мешавад ва 10 лоиҳаи дигар ба маблағи 70 миллион евро дар марҳалаи омодагӣ қарор доранд. Лоиҳаҳои мазкур барои рушди бахшҳои мухталифи иқтисодиёти Тоҷикистон ва бештар барои зиёд намудани имконот ва тақвияти бахши хусусӣ равона шудаанд.

Оливе Декамп изҳор дошт, ки “имрўз рушди муносибот бо Осиёи Марказӣ, аз ҷумла бо Тоҷикистон аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии кишварҳо ва сохторҳои Иттиҳоди Аврупо аст ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд барои татбиқи ин сиёсат саҳми намоёни худро мегузорад”. Ба иттилои ў, “соли гузашта Бонки аврупоии таҷдид ва рушд барои дастгирии бонкҳо, созмонҳои хурди қарздиҳӣ ва мақомоти маҳаллии Тоҷикистон 30 миллион доллар ҷудо намуда буд, имсол бошад ин маблағ ба 50 миллион мерасад ва минбаъд чунин дастгирӣ мунтазам афзоиш хоҳад ёфт”. ҳарду ҷониб мувофиқ шуданд, ки имкону захираҳои истифоданашудаи ҳамкорӣ ҳанўз зиёд аст. Аз ин хотир ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика, саноат, нақлиёту коммуникатсия, обтаъминкунӣ ва дар маҷмуъ муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ ва мусоидат ба болоравии сатҳи зиндагии мардум ҳавасмандии худро таъкид намуданд.

Тавре аён гардид, дастгирии бахши хусусӣ, бонкҳои саҳҳомӣ ва созмонҳои хурди қарздиҳӣ ва иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ ва таъмини амнияти энергетикӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон мебошад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520