Нимаи дуюми рўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба муборизаи байналмилалӣ бо маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ Вилям Браунфилдро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Амрико дар арсаҳои гуногун баррасӣ шуд.
Таваҷҷуҳи асосӣ ба ҳамгироии муштарак дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ, гардиши ѓайриқонунии маводи мухаддир ва мусоидат ба таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афѓонистон зоҳир гардид.
Аз сатҳ ва мазмуни ҳамкории сохторҳои ќудратӣ ва маќомоти ҳифзи ҳуқуқу тарбитоби Тоҷикистону Амрико дар самти мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, ки аз ҷумла дар шакли омодасозии кадрҳо, машѓулиятҳои муштарак ва расондани кўмакҳои техникӣ сурат мегирад, изҳори ќаноатмандӣ карда шуд.
Аз ду ҷониб таъкид гардид, ки дар мубориза бо истеҳсол ва гардиши ѓайриқонунии маводи мухаддир Тоҷикистону Амрико бояд бо тамоми кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, Афѓонистон ва Русия ҳамгироии зич ба роҳ монанд.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар натиҷаи амалӣ шудани тадбирҳои судманди муштарак дар Афѓонистон, аз ҷумла несту нобуд кардани киштзорҳои растаниҳои нашадор ва муборизаи босамар бо қочоқбарон вақтҳои охир гардиши маводи мухаддир рў ба коҳиш овардааст. Ҳарду ҷониб омодагӣ ва ҳавасмандии устувори худро ба идомаи муборизаи муваффаќона бо ин вабои аср ва ҳамчунин ба густариши ҳамкорӣ дар дигар самтҳо таъкид намуданд.