Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси мудирияти Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Газпроми Федератсияи Русия Алексей Миллер

18.09.2013 11:46, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Раиси мудирияти Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Газпроми Федератсияи Русия Алексей Миллерро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия дар соҳаи нафту газ ва маводи сухт баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи хос ба ҷараёни корҳои ҷустуҷӯию геологӣ ва истихроҷи нафту газ дар чор мавзеи Тоҷикистон, ки ба ин ширкати бузурги Русия иҷозати коркардаш дода шудаасст, зоҳир гардид.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки пармакунӣ дар мавзеи Сариқамиши ноҳияи Шаҳринав ба умқи 6450 метр расида, кор бояд ба марҳилаи нави омӯзиши захираҳои нафту газ дар ин кони умедбахш гузарад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки “корҳои ҷустуҷӯию геологӣ дар мавзеъҳои Шоҳамбарии Ғарбӣ, Ренгани ноҳияи Рӯдакӣ ва Саргазони ноҳияи Данғара низ бояд вусъат дода шаванд”.

Алексей Миллер изҳор намуд, ки “оянда ширкати Газпром тасмим дорад сармоягузориро ба корҳои ҷустуҷӯию геологӣ дар Тоҷикистон афзун намояд”.

Ҳамчунин дархости ширкати Газпром доир ба дарёфт намудани иҷозатнома дар бораи кор дар дигар мавзеъҳои ояндадори Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки густариши ҳамкорӣ дар соҳаи нафту газ асоси муҳим барои таҳкими бештари муносиботи стратегӣ ва муттафиқии Тоҷикистону Русия хоҳад буд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520