Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Созишномаи ҳарбӣ миёни Тоҷикистону Россия барои тасдиқ пешниҳод шуд

18.09.2013 06:49, шаҳри Душанбе

Рӯзи 18 сентябри соли равон Президенти мамлакат дар асоси моддаи 9 Қонун “Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россияро дар бораи мақом ва шартҳои будубоши пойгоҳи ҳарбии Россия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 5 октябри соли 2012 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд, барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар пешниҳод кард.

Бояд зикр кард, ки дар асоси мувофиқаи пешакии ҷонибҳо ҷиҳати дар маҷмӯъ баррасӣ намудани масъалаҳо қаблан ҷониби Президент барои тасдиқ ба Парлумон Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Федератсияи Россия, ки дар шаҳри Москва 8 феврали соли 2013 ба имзо расидааст, пешниҳод гардида буд.

Ҳамчунин, бо қарори Ҳукумат аз 2 майи соли 2013, №199 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи интиқоли маҳсулоти нафтӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 феврали соли 2013 дар шаҳри Москва ба имзо расидааст, тасдиқ гардид.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520