Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири давлатии Вазорати корҳои хориҷии Британияи Кабир ва Вазири корҳои дин ва ҷомеа Баронесса Саида Варсӣ

06.09.2013 18:07, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Вазири давлатии Вазорати корҳои хориҷии Британияи Кабир ва Вазири корҳои дин ва ҷомеа Баронесса Саида Варсиро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Британияи Кабир баррасӣ шуд.

Барои густариши бештари робитаҳои дуҷониба таҳкими заминаи ҳуқуқии муносибатҳои ду кишвар, аз ҷумла ба имзо расондани лоиҳаҳои пешниҳодгардидаи созишномаҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ, дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва ҳимояи мутақобилаи сармоягузорӣ, оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата, ҳамчунин дар бораи алоқаи ҳавоӣ зарур дониста шуд. Таъкид гардид, ки чунин заминаи ҳуқуқӣ метавонад боиси ҳамкории бесобиқаи иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ гардад.

Тавсиаи ҳамкорӣ дар бахшҳои бунёдии иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла энергетика, нақлиёт ва иртиботот дорои дурнамои умедбахш номида шуд.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба ҳамгироии ду кишвар барои таҳкими амнияти минтақавӣ ва мусоидат ба эҳёи иқтисодиёт ва ҳаёти осоишта дар Афғонистон сурат гирифт.


 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520