Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи шодбошӣ ба Шоҳи Малайзия

06.04.2012 09:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба уновни Шоҳи Малайзия Алмуътасим Биллоҳи Мухиббудин Туанку Алҳоҷ Абдул Ҳалим Муаззам Шоҳ ибни Алмарҳум Султон Бадлишоҳи XIV барқияи шодбошӣ ирсол кард, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:

«Аълоҳазрат,

Бо камоли мамнуният Шуморо ба муносибати фарорасии бистсолагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Малайзия табрику таҳният мегӯям.

Кишварҳои мо барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои судманди худ имрӯз имкониятҳои хело ҳам зиёд доранд ва истифодаи ҳарчи пурраи онҳо ба нафъи манфиатҳои халқҳои ба ҳам дӯсти Тоҷикистону Малайзия хоҳад буд.

Мо ба ояндаи дурахшони муносибатҳои бисёрҷанбаи байни кишварҳоямон итминон дорем ва ҳамеша омодаем, ки дар ҳамаи сатҳҳо баҳри рушди минбаъдаи онҳо саъйю талошҳои зарурӣ намоем.

Бо истифода аз фурсат ба Аълоҳазрат сиҳатии комилу пирӯзиҳои навин ва ба мардуми дӯсти Малайзия - саодату хушрӯзӣ ва пешрафту шукуфоӣ хоҳонам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520