Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баррасии лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав

10.04.2012 14:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз дар шаҳри Душанбе, таҳти раёсати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи нуҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.

Дар оғози ҷаласа Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари нави Котиботи Шӯрои машваратӣ ва аъзои нави онро, ки аз ҷониби бахши хусусии ватанӣ ва сармоягузорони хориҷӣ пешниҳод шудаанд, муаррифӣ намуд. Тавре иттилоъ дода шуд, Завқиҷон Завқиев Роҳбари нави Котиботи Шӯрои машваратӣ интихоб шудааст. Роҳбари Асотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон Фарҳодҷон Акбаров, Директори кулли Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи Помир Энерҷӣ Далер Ҷумаев, Роҳбари Иттифоқи асотсиатсияҳои соҳибкорони вилояти Суғд Маъсуда Тюряева ва Директори кулли Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Нерӯгоҳи барқии обии Сангтуда-1 Геннадий Ругин ба узвияти шӯро пазируфта шудаанд.

Дар кори ҷаласа Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов, Муовини якуми сарвазир Матлубхон Давлатов, Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ Фаррух Ҳамралиев, Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов, Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзал, вазирон ва раисони кумитаҳои давлатии бахши иқтисодӣ, шахсони масъули Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони бахши хусусӣ ва шарикони хориҷии рушди Тоҷикистон ширкат намуданд.

Дар ҷаласа рафти иҷрои қарорҳои қаблии шӯро, лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, ахбори Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар вилояти Хатлон ва масъалаҳои лоиҳаи рӯзномаи кории ҷаласаи оянда баррасӣ шуд.

Зимни гузориши Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов доир ба рафти иҷрои қарорҳои ҷаласаҳои қаблӣ, аз ҷумла зикр гардид, ки дар натиҷаи фаъолияти босамари Шӯро чанд тағйиру иловаи муҳим ба кодексҳои андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. Корҳо барои таҳияи лоиҳаҳои қонунҳо “Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ”, “Дар бораи истифодаи қаъри замин” ва лоиҳаи “Барномаи ҷолибгардонии соҳаи истифодаи қаъри замин” идома доранд.

Ба рафти фаъолияти Шӯрои машваратӣ Роҳбари Намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон Улф Ҳиндстром ва Роҳбари Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон Гулбаҳор Маҳкамова баҳои баланд доданд.

Доир ба лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав Раиси Комиссияи давлатӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекс, Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмуддинов ахбор пешниҳод намуд ва дар муҳокимаи ин масъала Роҳбари Шӯрои ҳамоҳангсозии ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон Некрӯй Забиров, Директори кулли Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ёқут-2000”Абдуҳалим Қодиров ва Намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Марша Олив иштирок намуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳодҳои онҳоро доир ба соддагардонии низоми маъмурии андозбандӣ ва кам кардани шумора ва ҳаҷми андозҳои мавҷуда ва ба ин восита афзун намудани шумораи андозсупорандагон, дар маҷмӯъ, мавриди дастгирӣ қарор дода, ҳамзамон таъкид дошт, ки роҳҳо ва манбаъҳои ҷуброн кардани коҳиши даромад ба буҷети давлатӣ бояд дарёфт карда шавад. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин таъкид дошт, ки давлат омода аст, тамоми сабукиҳоро ба соҳибкорону сармоягузорон диҳад, вале онҳо низ дар навбати худ бояд дар назди давлат ва мардум, пеш аз ҳама кормандони соҳаҳои буҷетӣ масъулияти баланд дошта бошанд ва даромадҳои воқеии худро аз андозсупорӣ пинҳон надоранд.

Раиси Шӯрои машваратӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон қайд намуд, ки воридшавии маблағҳо ба буҷети давлатӣ на аз ҳисоби баланд бардоштани меъёри андозҳо, балки аз ҳисоби зиёд кардани шумораи андозсупорандагон, васеъ намудани сарчашмаҳои андозбандӣ, ҳавасмандгардонии ташаббусҳои соҳибкорӣ, таъмини сатҳи баланди иҷрои ӯҳдадориҳои андозӣ ва коҳиш додани иқтисоди пинҳонӣ бояд таъмин карда шавад.

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон низоми андозбандӣ бояд чунин ба роҳ монда шавад, ки аз як тараф давлат ва ҷомеа бо захираҳои молиявӣ таъмин гардад, аз ҷониби дигар ташаббусҳои фаъолияти соҳибкорӣ ҳавасманд бошанд.

Аз ин лиҳоз ба Ҳукумати кишвар супориш дода шуд, ки лоиҳаи пешниҳодшудаи Кодекси андозро бори дигар омӯхта, таклифу пешниҳодоти соҳибкорону сармоягузорон ва дигар андозсупорандагон, вазорату идораҳои соҳавӣ ва шарикони хориҷии рушдро ҳангоми такмили он ба инобат гирад.

Супоришҳои мушаххаси дигар дар заминаи ҳисоботи Раиси Шӯрои минтақавии вилояти Хатлон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ Ғайбулло Авзал, пешниҳоди мавзӯъҳои ҷаласаҳои ояндаи Шӯрои машваратӣ ва суханронии ҷамъбастии Раиси Шӯрои машваратӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дода шуд. Аз ҷумла то ҷаласаҳои ояндаи Шӯро бояд лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ”, масъалаҳои соддагардонии расмиёти маъмурӣ барои сармоягузорон, таҳлил оид ба бартараф намудани монеаҳои иловагии маъмурӣ барои фаъолиятҳои соҳибкорие, ки тавассути иҷозатнома амалӣ карда мешаванд ва дигар масъалаҳои мубрами рушди фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ омода карда шаванд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520