Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо вакили парлумони Фаронса ва намояндаи махсуси Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Тиерри Марианӣ

20.08.2013 15:48, шаҳри Душанбе

Зимни мулоқот бо вакили парлумони Фаронса ва намояндаи махсуси Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Тиерри Марианӣ масоили гуногуни ҳамкорӣ баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсат ва амнияти минтақавӣ, иқтисод ва тиҷорат, сармоягузорӣ, обу энергетика ва экология зоҳир гардид.

Авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон ва таъсири он ба минтақа ва ҷаҳон, хусусан пас аз соли 2014, таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистон бо ин кишвар, мусоидат ба нерӯҳои марзбон ва дигар сохторҳо барои муқовимат бо хатарҳои ҷаҳони муосир аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд.

Ба иқтисодиёти Тоҷикистон ворид шудани ширкати нафту гази фаронсавии Total, ки шуҳрат ва нуфузи ҷаҳонӣ дорад, қадами барҷаста дар роҳи резиши сармояҳои аврупоӣ ва ҷаҳонӣ ба бахши нафту гази кишвари мо номида шуд.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба густариши робитаҳои парлумонӣ ва дигар мавзӯъҳо сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520