Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Сарвазири Мозамбик Алберто Клементино Антонио Ваквина

20.08.2013 12:49, шаҳри Душанбе

Дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи об Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як зумра иштирокдорони воломақоми онро ба ҳузур пазируфт.

Мулоқоти якуми дуҷонибаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Мозамбик Алберто Клементино Антонио Ваквина баргузор гардид.

Зимни суҳбат масоили ташкил ва густариши робитаҳо миёни ду кишвар баррасӣ шуд. Зикр гардид, ки Тоҷикистону Мозамбик метавонанд бештар дар бахшҳои кишоварзї, саноат, геология, энергетика ва маориф ҳамкории босамар ба роҳ монанд.

Сарвазири Мозамбик барои таҳсили донишҷӯёни кишвараш дар Тоҷикистон арзи сипос намуда, ин арсаи ҳамкориро дорои дурнамои хуб номид.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба ҳамгироӣ дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла дар соҳаи обу энергетика ва ҳифзи муҳити зист, сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520