Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Изҳороти матбуотии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар фарҷоми музокироти ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Тайиланд

19.08.2013 16:20, шаҳри Душанбе

Нахуст, мехостам дар ҳузури шумо бори дигар сипоси самимии хешро ба Хонуми Олиҷоҳ Йинглак Шинаватра, Сарвазири Шоҳигарии Тайиланд барои ҳусни таваҷӯӯҳ ва қабули даъвати инҷониб ҷиҳати боздид аз Тоҷикистон иброз намоям.

Ин ташрифи ҳайати воломақоми ҷониби Тайиландро аз кишвари худ мо ҳамчун идомаи мантиқии муколамаи мунтазами сиёсии байни ду кишвар дар сатҳҳои мухталиф, аз ҷумла олӣ арзёбӣ менамоем.

Бовар дорам, ки муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Тайиланд бар асари мулоқоту музокироти имрӯза ҷанбаҳои нави ҳамёрии созандаро фаро хоҳанд гирифт.

Дар рафти мулоқоти ҳайатҳои ҷонибҳо, ки дар фазои ҳусни тафоҳум, ҳамраъйӣ ва мавқеъгирии созанда баргузор гардид, ҷанбаҳои мухталифи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷониба ва самтҳои ояндадори онҳо мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор доштанд.

Ҳамзамон бо ин, мо атрофи мавзӯъҳои муҳими минтақавӣ ва глобалӣ мубодилаи афкор анҷом дода, ҳамраъйӣ ва наздикии мавқеи якдигарро нисбати масъалаҳои умдаи байналмилалии мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн таъкид кардем.

Зимнан, мо аҳд кардем, ки дар арсаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ саъйю талошҳои муштаракамонро баҳри таҳкими сулҳу субот ва тавсеаи ҳамкориҳои созанда дар минбаъда ҳам идома дода, ташаббусҳои якдигарро дар ин ҷода дастгирӣ намоем.

Дар ин замина мо таваҷҷӯҳи ҷониби Тайиландро ба барномаву лоиҳаҳои иқтисодии худ, ки дар доираи ҳадафҳои стратегии таъмини рушди босуботи кишвар таҳия гардида, ҳамзамон аҳамияти минтақавӣ доранд, ҷалб кардем.

Фардо мо дар якҷоягӣ бо хонум Шинаватра ва дигар меҳмонони воломақоми Тоҷикистон, ки вориди пойтахти кишварамон шудаанд, Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи обро ҳусни оғоз мебахшем.

Иштироки Сарвазири Шоҳигарии Тайиланд дар ин чорабинии глобалии Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об боз як нишонаи ҳамёрии кишварҳои мо дар самти дарёфти роҳҳои ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами глобалӣ мебошад.

Дар мавриди густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба роҳу воситаҳои истифодаи самарабахши захираҳои бузурги онҳо дар соҳаҳои мухталифи тиҷорату иқтисод ва гуманитариву иҷтимоӣ бо дарназардошти манфиатҳои тарафҳо қарор дошт.

Ҷониби Тоҷикистон қаноатмандии хешро аз фаъолияти ширкатҳову соҳибкорони тайиландӣ дар бахшҳои доду гирифти мол, туризм ва сармоягузорӣ, кишоварзӣ, энергетика, саноати сабук, хӯрокворӣ ва дигар соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ва омодагии онҳо барои ҳамкориҳои муассир бо ҳамтоёни тоҷики худ иброз намуд.

Вобаста ба ин мо аҳамияти татбиқи фаъолтари қарордодҳои пештар аз ҷониби ду кишвар имзогардидаро дар соҳаҳои тиҷорату ҳамкориҳои иқтисодӣ ва техникӣ, туризм, ҳифзи мутақобилаи сармоя ва каноргирӣ аз андозбандии дукарата таъкид намудем.

Ҳамзамон ҷонибҳо рағбати худро ҷиҳати рушди муносибатҳои байнидавлатиашон дар дигар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илм ва маориф изҳор карданд.
Мо итминон дорем, ки сафари ҳайати воломақоми Шоҳигарии Тайиланд ба Тоҷикистон марҳалаи нави муносибатҳои дӯстонаи кишварҳои моро оғози накӯ хоҳад бахшид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520