Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид доир ба масоили иқтисодию иҷтимоӣ У Хунбо

19.08.2013 12:08, шаҳри Душанбе

Мулоқоти судбахши дигар Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид доир ба масоили иқтисодию иҷтимоӣ У Хунбо анҷом дод.

Зимни мулоқот дар баробари мавзӯъҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи об масоили вобаста ба таҳияи рӯзномаи Ҷаласаи байналмилалии рушд дар соли 2015 баррасӣ шуд. Тавре зикр гардид, масоили дар ин ҷаласа муайяншаванда бояд идомабахши Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола бошанд, ки барои 15 соли аввали ҳазораи сеюми мелодӣ мушаххас гардида буданд.

У Хунбо ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу энергетика, рушди “иқтисоди сабз”, пешгирӣ аз гармшавии иқлим ва ҳам барои татбиқи босамари Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола баҳои баланд дода, ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми кишвар барои иқдоми навбатӣ, яъне дар шаҳри Душанбе баргузор намудани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи об арзи сипосу қадрдонӣ кард.

У Хунбо мавқеи созанда ва мутавозини Тоҷикистонро доир ба ҳалли мушкилоти вобаста ба об аз тариқи ҳамкорӣ ва созиш арзандаи дастгирӣ номида, изҳор дошт, ки “беҳтарин роҳи ҳаллу фасли масоили баҳсноки вобаста ба об ҳамкории минтақавӣ мебошад”.
 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520