Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо роҳбари Гурӯҳи вакилони Парлумон оид ба масъалаҳои об хонум Кристина Гутиерес

19.08.2013 10:40, шаҳри Душанбе

Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як зумра меҳмонони олимақомро, ки барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба об ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

Мулоқоти нахустин бо Вакили Парлумони Аврупо, роҳбари Гурӯҳи вакилони Парлумон оид ба масъалаҳои об хонум Кристина ГУТИЕРЕС баргузор гардид.

Зимни суҳбат масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуда, аз сатҳ ва муҳтавои он рушди муносиботи ҳасана изҳори қаноат карда шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз он, ки мавқеи созандаи Тоҷикистон доир ба масоили обу энергетика дар арсаи ҷаҳон, аз ҷумла дар Иттиҳоди Аврупо ҳарчи бештар мавриди дарки дуруст ва дастгирӣ қарор мегирад, арзи қаноатмандӣ намуд.

Изҳор гардид, ки “дар таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон манфиати тамоми кишварҳои ба мо ҳамсояи минтақа чӣ аз лиҳози таъминот бо об ва чӣ бо нерӯи барқ ба назар гирифта шудаанд”. Ҳамчунин таъкид гардид: “Агар нерӯгоҳҳо ва обанборҳои Тоҷикистон намешуданд, дар кишварҳои поёноб аз худ кардани миллионҳо гектар замин ғайриимкон мебуд”.

Кристина ГУТИЕРЕС изҳор дошт, ки “Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла сохтори парлумонии он мусоидати хешро барои эҷоди фазои муносиб баҳри тавсеаи ҳамкории созандаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ минбаъд низ дареғ нахоҳад дошт”.тавсеаи њамкории созандаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ минбаъд низ дареғ нахоҳад дошт”.   

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520