Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон

15.08.2013 18:41, шаҳри Душанбе

Бегоҳии рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳайати воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро, ки аз вазирони молия, фавоиди омма, раиси идораи роҳи оҳан ва дигар шахсони расмӣ иборат аст, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба роҳҳои татбиқи амалии санадҳои ҳамкории дуҷониба ва минтақавии Тоҷикистону Афғонистон барои рушди робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетикӣ, ҳамлу нақлӣ ва ғайра баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба омода кардан ва ба имзо пешниҳод намудани созишномаи сеҷонибаи тиҷоратию транзитии Тоҷикистону Афғонистону Покистон, татбиқи амалии лоиҳаҳои минтақавии хатти барқии CASA-1000, роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ва ифтитоҳи гузаргоҳҳои нави сарҳадӣ миёни ду кишвари ҳамсоя зоҳир гардид.

Зимни суҳбати созанда доир ба ин ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла интихоби масири роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, омодасозии кадрҳои роҳи оҳан барои ин кишвари ҳамсоя дар ҷумҳурии мо, афзоиши интиқоли нерӯи барқ ба он сӯйи рӯди Панҷ ва ғайра тавофуқоти муҳим ҳосил шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520