Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Фармондеҳи Фармондеҳии Марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ллойд Остин III

30.07.2013 10:57, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Фармондеҳи Фармондеҳии Марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ллойд Остин III- ро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Амрико, пеш аз ҳама дар соҳаҳои мудофиа ва амнияти минтақавӣ баррасӣ шуд.

Аз сатҳ ва муҳтавои равобит ва ҳамгироии сохторҳои марбутаи ду кишвар дар ин бахшҳо, аз ҷумла доир ба мусоидат ба таҳкими амну субот дар Афғонистон ва пешгирӣ аз хатари паҳншавии терроризму ифротгароӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Генерал Ллойд Остин III нақши Тоҷикистонро дар нигаҳдории амнияти минтақавӣ муҳим номида, ба Сарвари давлат ва мардуми Тоҷикистон барои мусоидати фаъол ба барқарорсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистон арзи сипос кард.

Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба дастгирии минбаъдаи моддию техникии воҳидҳои низомӣ ва махсуси Тоҷикистон, аз ҷумла нерӯҳои сарҳадии кишвар барои пурзӯр намудани ҳифзи марзи давлатӣ бо Афғонистон, хусусан пас аз соли 2014, сурат гирифт.

Ҳарду ҷониб ҳавасмандии устувори худро ба таҳким ва густариши робитаҳои оянда таъкид доштанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520