Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Як қатор санадҳои нави қонунгузорӣ ба имзо расид

19.07.2013 17:59, шаҳри Душанбе

Имрӯз аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор қонунҳо, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ», «Дар бораи маориф», «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ»,«Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ», «Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, имзо гузошта шуд.

Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми қонунгузории мурофиавии кишвар санади нави меъёрии ҳуқуқӣ буда, бо мақсади такмили қонунгузории соҳа ва бо назардошти талаботи меъёрҳои пазируфтаи умумибашарӣ таҳия ва қабул карда шудааст.

Тибқи Кодекси мазкур ҳуқуқу ӯҳдадорӣ ва ваколатҳои иштирокчиёни мурофиа, суд ва мақомотҳои давлатии баррасикунандаи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, тартиби баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, иҷрои қарорҳои суд ва мақомоти ваколатдори давлатӣ, инчунин самтҳои дигари мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ танзим карда шудаанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» дар таҳрири нав қабул гардида, асосҳои ҳуқуқии фаъолиятро дар соҳаи мазкур муайян намуда, муносибатҳои ҷамъиятиеро, ки дар ҷараёни амалӣ намудани фаъолияти аудиторӣ ба миён меоянд, танзим менамояд. Дар ин Қонун шарҳи мафҳумҳо ва принсипҳои асосии фаъолияти аудиторӣ, намудҳои аудит, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои аудитор, инчунин самтҳои дигари ин соҳаи фаъолият пешбинӣ карда шудаанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» яке аз санадҳои асосӣ ва муҳими соҳа буда, бо тақозои талаботи замони муосир дар таҳрири нав таҳия ва қабул гардида, асосҳои ташкилию ҳуқуқӣ, принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ ва муносиботи ҷамъиятиро дар соҳаи маориф муайян ва танзим менамояд.

Дар Қонуни мазкур мақоми омӯзгор, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои он, асосҳои таълиму тарбияи кӯдакон дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ватанпарастӣ, накӯкорӣ, эҳтироми оила, анъанаҳои миллию фарҳангӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи тарзи ҳаёти солим ва дигар паҳлӯҳои соҳаи маориф ба таври дақиқ муқаррар гардидаанд.

Бо мақсади таҷдиди назар кардани дахлнопазирии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, прокурорҳо, судяҳо, вакилони маҷлисҳои вакилони халқи маҳаллӣ ва дар ин замина фароҳам овардани шароит барои пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» ва баъзе дигар қонунҳо тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Қонунҳои баимзорасида ба ҳифзи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои инсону шаҳрванд, давлату ҷамъият, рушди соҳаҳои маориф ва фарҳанг, беҳдошти вазъи тозагии муҳити зист, сиҳатии мардум, таҳкими қонуният ва танзими муносибатҳои дигари ҷамъиятӣ нигаронида шудаанд.

Матни пурраи қонунҳои баимзорасида рӯзҳои наздик дар рӯзномаҳои расмии кишвар интишор карда мешаванд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520