Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Роҳбари дастгоҳи Президенти Бонки ҷаҳонӣ Лаура Фриҷенти

17.07.2013 09:56, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари дастгоҳи Президенти Бонки ҷаҳонӣ Лаура Фриҷентиро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.

Лаура Фриҷентӣ, ки тирамоҳи имсол ба мақоми Ноиби минтақавии Президенти Бонки ҷаҳонӣ доир ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ хоҳад расид, иттилоъ дод, ки ҳадафи сафараш мулоқотҳо бо роҳбарияти кишварҳои Осиёи Марказӣ ва шиносоии бевосита бо масоили ҳамкорӣ ва роҳҳои дастгирии рушди ин минтақа мебошад.

Зимни суҳбат ба бахшҳои афзалиятноки ҳамкорӣ бо Тоҷикистон, аз ҷумла вобаста ба тағйирёбии иқлим, таъмини дастрасии кофӣ ба об ва нерӯи барқ, дастгирии амнияти озуқаворӣ, муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ ва дар маҷмӯъ ба беҳсозии сатҳи зиндагии мардум таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.

Бо ёдоварӣ аз 20 соли ҳамкории ду ҷониб, аз ҷумла зикр гардид, ки дар ин муҳлат аз ҷониби гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон барои дастгирии рушди босубот дар ҳаҷми беш аз 900 миллион доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзнок, грант ва кумакҳои техникӣ ҷудо гардидааст.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамкории минбаъда низ пурсамар гардида, ба рушди бештари иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон мусоидати фаъол менамояд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520