Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Намояндаи доимии Хазинаи байналмилалии асъор Ари Айзен

10.07.2013 10:23, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи доимии Хазинаи байналмилалии асъор Ари Айзенро ба ҳузур пазируфт.

Дар оғози мулоқот Ари Айзен ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи нави доимии Хазинаи байналмилалии асъор дар Тоҷикистон Айдин Биболовро шинос кард.

Зимни суҳбат доир ба раванди рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, роҳҳои муассири дастгирии байналмилалии омилҳои рушддиҳанда ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯй сурат гирифт.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар 6 моҳи соли равон маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон 7,5% афзоиш ёфта, сатҳи таваррум 1,6%-ро ташкил додааст.

Бо вуҷуди ин, таъкид гардид, ки дар рӯй ба рӯйи бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, аз ҷумла болоравии нархи маҳсулоти нафтӣ ва озуқаворӣ, иқтисодиёти Тоҷикистон барои кам кардани таъсири манфии беруна ба дастгирии байналмилалӣ ниёз дорад.

Аз ин хотир, ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро ба идома ва густариши ҳамкории судбахш таъкид доштанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520