Дар маркази ноҳияи Вахш бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як корхонаи нави равғанкашӣ ба кор дароварда шуд.
Чунонки иттилоъ доданд, ин корхона дар як шабонарӯз то 50 тонна чигити пахтаро коркард намуда, аз он 7,5 тонна равған мегирад. Корхона имкон дорад, ки дар як сол то 16 ҳазор тонна чигитро коркард кунад. Дар як моҳ дар ин корхона 150 тонна ва дар як сол 1800 тонна равған истеҳсол мешавад. Аз чигити пахта, ҳамчунин кунҷора, пӯсти чигит ва тибит ҳосил мегардад.
Ҳоло дар ин корхона 52 нафар бо кори доимӣ таъмин шудаанд. Роҳбарияти корхона ният доранд, ки дар ояндаи наздик ҳамчунин истеҳсоли собунро ба роҳ монда, шумораи коргаронро афзун намоянд.