Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Озорбойҷон Камолиддин Фаттоҳ Гайдаров

02.07.2013 10:30, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Озорбойҷон Камолиддин Фаттоҳ Гайдаровро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот доир ба омӯзиши таҷрибаи байниҳамдигарии пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулодда ва тақвият бахшидани кори хадамотҳои наҷотбахшӣ, расонидани кӯмакҳои моддию техникӣ барои бартарафсозии оқибатҳои офатҳои таббиӣ ва омода кардани мутахассисони баландихтисоси соҳа табодули афкор сурат гирифт.

Дар мулоқот ҳамзамон вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи Тоҷикистон ва Озорбойҷон дар соҳаҳои гуногуни барои ҳар ду ҷониб афзалиятнок мавриди баррасӣ қарор дода шуда зарурати фаъолгардонии кори комиссияҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ – тиҷоратӣ махсус таъкид гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520