Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Дмитрий Мезенсев

21.06.2013 10:38, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Дмитрий Мезенсевро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкорӣ дар доираи ин созмон, мавзӯъҳои рӯзномаи ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои он ва раёсати ояндаи Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсат, амнияти минтақавӣ, иқтисоду тиҷорат ва сиёсати ҷавонон зоҳир гардид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки “Тоҷикистон ҳамеша мутобиқ ба рӯҳияи созандаи созмон устуворона амал карда, дар татбиқи босамари Стратегияи миёнамуҳлати рушди Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар санадҳои муҳими қабулшуда, саҳми намоёни худро мегузорад”.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои созмон дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон пурсамар хоҳад буд.

Интизор меравад, ки раёсат дар Созмони ҳамкории Шанхай пас аз ҳамоиши Бишкек аз Қирғизистон ба Тоҷикистон гузашта, ҳамоиши соли ояндаи сарони давлатҳои аъзои созмон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520