Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷа

14.06.2013 18:16, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷаро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва тадбирҳои зиддибӯҳронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, рафти ташхиси лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Бонки ҷаҳонӣ барои дастгирии пайваста аз татбиқи лоиҳаҳои сершумор дар бахшҳои энергетика, кишоварзӣ, рушди деҳот, маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ арзи сипос кард.

Вобаста ба имконсанҷии иқтисодию техникӣ ва баҳодиҳии иҷтимоию экологии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун изҳори боварӣ карда шуд, ин кор таҳти васоёи Бонки ҷаҳонӣ босифат, шаффоф ва ба таври мустақил дар ояндаи наздик ба поён мерасад.

Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба таҳияи стратегияи нави ҳамкории Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ барои 4 соли оянда, татбиқи лоиҳаҳои минтақавии хатти барқии CASA-1000, роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманситон ва дигар мавзӯъҳо сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520