Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

13.06.2013 15:41, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳоро «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба расмикунонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ», ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонид.

Қонунҳои баимзорасида пеш аз ҳама барои таҳкими муқовимат ба расмикунонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, пурзӯр намудани мубориза бар зидди терроризм ва маблағгузории терроризм, мукаммалгардонии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқгардонии онҳо ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар ин самт таҳия ва қабул гардида, дар маҷмӯъ ба ҳифзи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои инсону шаҳрванд, давлату ҷамъият, таҳкими қонуният, тақвият бахшидани мубориза бар зидди ҳама гуна ҷиноят, ба хусус ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, танзим ва назорати асъор нигаронида шудаанд.

Қонунҳои мазкур ба Конститутсия ва санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, амалӣ намудани онҳо барои устувор гардидани мавқеи байналмилалии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба расмикунонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, пурзӯр намудани мубориза бар зидди маблағгузории терроризм ва мутобиқгардонии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар ин самт иқдоми саривақтӣ ва муҳим мебошад.

Матни пурраи қонунҳои баимзорасида рӯзҳои наздик дар рӯзномаҳои расмии кишвар интишор карда мешаванд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520