Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Ноиби президенти Бонки осиёии рушд Шиаоу Жао

13.06.2013 12:05, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Ноиби президенти Бонки осиёии рушд Шиаоу Жаоро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Бонки осиёии рушд баррасӣ шуд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки тайи солҳои ҳамкории дуҷониба аз ҷониби Бонки осиёии рушд барои дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон наздики 1 миллиард доллари амрикоӣ дар шакли қарзҳои имтиёзнок, грант ва кӯмаки техникӣ ҷудо гардидааст. Ҳоло бо маблағи 600 миллион доллари амрикоӣ аз ин бонк, ки аксари кулли он гарнт мебошад, дар соҳаҳои энергетика, роҳсозӣ, молияи давлатӣ ва дигар бахшҳои афзалиятноки Тоҷикистон лоиҳаҳои сершумор татбиқ мегарданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Бонки осиёии рушд барои дастгирӣ аз рушди иқтисодии Тоҷикистон арзи сипос карда, изҳори боварӣ намуд, ки барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки дигар низ, аз ҷумла барои аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо кардани кишвар ва таъмини амнияти энергетикӣ, тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои маблағгузории таҳияи лоиҳаи сохтмони қисмати тоҷикистонии роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон арзи сипос карда, ҳамчунин изҳори боварӣ намуд, ки Бонки осиёии рушд аз сохтмони ин роҳ низ дастгирӣ хоҳад кард.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба кашидани хатти интиқоли нерӯи барқ аз Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ (CASA-1000) ва дигар лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520