Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

12.06.2013 16:07

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

"Муҳтарам Владимир Владимирович,

Шумо ва дар симои Шумо мардуми дӯсти Русияро бо иди миллӣ – Рӯзи қабули Эъломия дар бораи Истқлолияти давлатии Федератсияи Русия аз самими қалб табрик менамоям.

Тайи солҳои гузашта, пас аз ин ҳодисаи муҳим дар таърихи муосир, Федкратсияи Русия дар рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва таҳкими сохтори давлатдорӣ ба муваффақиятҳои калон ноил гардид.

Тоҷикистон ва Русияро робитаҳои мустаҳками дӯстӣ ва ҳамкориҳои бисёрҷониба, ки бо принсипҳои шарикии стратегӣ асос ёфтаанд, бо ҳам мепайванданд.

Мо сатҳи баланди ҳамгироиро бо Федератсияи Русия қадр менамоем ва ба таҳкими якҷояи густариши минбаъдаи чорчӯбаи робитаҳоямон, ҳам дар заминаи ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба омодаем.

Боварӣ дорам, ки ҷараёни баланди рушди муносибатҳои ду кишвар ҷавобгӯ ба манфиатҳои аслии халқҳоямон ва ҳам тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ аст.

Муҳтарам Владимир Владимирович ба Шумо тани сиҳат ва дар корҳои масъулиятноки давлатиатон муваффақият, инчнин ба тамоми шаҳрвандони Русия бурдборӣ ва шукуфоӣ таманно дорам".

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520