Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари расмӣ ба Шоҳигарии Таиланд ва Ҷумҳурии Мардумии Чин

17.05.2013 06:15

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Шоҳигарии Таиланд ва Ҷумҳурии Мардумии Чин рафт.

Дар фурӯдгоҳи байналмилалии пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёров ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, Вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов, Вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Зимни сафар Сарвари давлати Тоҷикистон нахуст аз Шоҳигарии Таиланд боздиди расмӣ анҷом медиҳад. Мулоқоти судбахш бо Сарвазири ин кишвар Йинглак Шинаватра дар назар аст. Ҳамчунин як зумра санадҳои нави ҳамкорӣ, аз ҷумла созишномаи байниҳукуматӣ оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя ва баёния аз натиҷаҳои сафари расмӣ ба имзо мерасад.

Дар Шоҳигарии Таиланд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин дар Форуми дувуми об барои кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором дар мавзӯи “Амнияти вобаста ба об ва таҳдидҳои офатҳои табиии марбут бо об” иштирок ва суханронӣ мекунад. 

Зимни сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин бошад Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси ин давлат Си Ҷинпин, Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси Умумичинии намояндагони мардумӣ Чжан Дэҷян, Муовини якуми Сарвазири Шӯрои давлатии Чин Чжан Гаоли, Раиси Шӯрои мудирони Бонки давлатии рушди Чин Ху Хвэйбан, Президенти Бонки содироту воридоти Чин Ли Жео Гу ва Губернатори музофоти Хэнан Се Фучжан мулоқотҳо анҷом хоҳад дод.

Дар Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҳамчунин интизор меравад, ки беш аз 10 санади нави ҳамкорӣ миёни ду кишвар ба имзо расад. Дар миёни онҳо Эъломияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Чин, созишномаи байниҳукуматӣ доир ба ҳамкории иқтисодӣ-техникӣ ва санадҳои дигар доир ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, бонкдорӣ, сайёҳӣ ва маблағгузории лоиҳаҳои нави зербиноӣ хоҳанд буд.

Таъкид бояд дошт, ки бо барқарор шудани муносибатҳои шарикии стратегӣ дар таърихи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин саҳифаи тозае боз хоҳад шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520