Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Қирғизистон Каликбек Султонов

16.05.2013 11:43, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Қирғизистон, ҳамраиси комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Қирғизистон Каликбек Султоновро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба рушди ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Қирғизистон, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсат, иқтисод ва савдо, амнияти минтақавӣ ва илму фарҳанг баррасӣ шуд.

Бо ишора ба дӯстии анъанавӣ, ҳамсоягии накӯ, шарикии боэътимод ва ҳамфикрии Тоҷикистону Қирғизистон доир ба аксари масоили дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ изҳори боварӣ карда шуд, ки сафари расмии қарибулвуқуи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қирғизистон ба таҳким ва густариши муносиботи ҳасана ва ҳамкории судбахши ду кишвар такони ҷиддӣ мебахшад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520