Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо узви Комиссияи байналмилалӣ бар зидди ҳукми қатл, собиқ Президенти Конфедератсияи Швейтсария хонум Рут Дрейфус

15.05.2013 18:35, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон узви Комиссияи байналмилалӣ бар зидди ҳукми қатл, собиқ Президенти Конфедератсияи Швейтсария хонум Рут ДРЕЙФУС-ро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории байналмилалии Тоҷикистон доир ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва пешгирӣ аз таъин ва татбиқи ҳукми қатл баррасӣ шуд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар Тоҷикистон доираи таъин ва татбиқи ҳукми қатл солҳои 1998 ва 2003 хеле маҳдуд гардида, аз соли 2004 ба ин сӯй ба ин кор мороторий эълон карда шудааст. Ба ин тартиб, аз соли 2004 то имрӯз дар Тоҷикистон ҳукми қатл умуман таъин ва татбиқ нашудааст. Аз моҳи марти соли 2005 ба ҷойи ҳукми қатл ҷазои якумра маҳрум намудан аз озодӣ таъин карда мешавад.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки аз моҳи апрели соли 2010 дар Тоҷикистон доир ба зарурати берун кардани ҳукми қатл аз қонунгузории кишвар гурӯҳи корӣ фаъолият дорад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки давлати Тоҷикистон мавқеи ниҳоии худро доир ба ин масъала дар асоси хулосаҳои ин гурӯҳи корӣ, ки бо назардошти афкори ҷомеа ва таҷрибаи ҷаҳонӣ бароварда мешавад, муайян хоҳад кард.

Хонум Рут Дрейфус таъкид дошт, ки «Тоҷикистон доир ба ин масъала дар роҳи дуруст қарор дорад» ва изҳори боварӣ намуд, ки «пурра бекор шудани ҳукми қатл дар ин кишвар дар ояндаи наздик ҳалли ниҳоии худро меёбад».

Ӯ, ҳамчунин изҳор дошт, ки «Конфедератсияи Швейтсария ва дигар давлатҳою созмонҳои шарик ба Тоҷикистон дар ин масир кумак мерасонанд».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520