Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ

18.04.2013 13:55, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як зумра кадрҳои ба вазифаҳои нави роҳбарӣ пешбаришударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Ҳамин тариқ, Зеваршо Зеваршоев – Муовини вазири кишоварзӣ, Нигина Абдуллоева – Муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Диловар Латипов – Ректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Зафаршо Иброҳимов - Муовини директори Муассисаи давлатии Осорхонаи миллии Тоҷикистон таъин гардиданд.

Ҳамчунин, роҳбарони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Ҳамадонӣ, Данғара, Носири Хусрав, Турсунзода, Файзобод ва дар хатти истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе иваз карда шуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз масъулияти баланди хизмати давлатӣ, муборизаи беамон бо ҷинояту ҷинояткорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ аҳли нишастро ба кору хизмати софдилонаю садоқатмандона ҳидоят намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520