Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ ба муносибати Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон

01.06.2011 13:00, шаҳри Душанбе

Фарзандони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Аз рўи анъана ҳар сол рўзи якуми июн дар аксари кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистони мо ҳамчун Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон таҷлил мегардад. Ин сана солҳост, ки дар миёни мардуми мо ҳамчун яке аз рўзҳои муҳим маҳбубият дорад.

Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон ҳанўз 62 сол муқаддам бо қарори Анҷумани Шўрои федератсияи байналмилалии демократии занон таъсис ёфта, бори аввал соли 1950 дар даҳҳо кишвари дунё таҷлил гардида буд. Ин сана ба мо - калонсолон ҳамеша ҳушдор медиҳад, ки масъулияти саломатӣ, тарбияи маънавии кўдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила, инкишофи эҷодиёти бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда ба дўши мост. Мо онҳоро бояд дўст дорем ва меҳру муҳаббати худро дар вуҷуди поки кўдакон ҷой диҳем.

Аз ин рў, ин санаи некро ҳамчун рўзи баробариву бародарӣ ва ҳифзи манфиатҳои кўдакони ҷаҳон ба ҳамаи шумо ва дар симои ҳар як кўдаки Тоҷикистони азиз ба кўдакони тамоми сайёра самимона табрик мегўям.

Воқеан, кўдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рўзгори ҳар як падару модар мебошанд. Зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангўлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад.

Ҳоло дар ҷаҳон бо қабули даҳҳо санадҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кўдак, Конвенсияи Созмони ҷаҳонии меҳнат оид ба барҳам додани шаклҳои вазнини меҳнати кўдакон ва монанди инҳо барои ҳифзи ҳаёт ва инкишофи кўдакон заминаи устувор фароҳам оварда шудааст. Бо вуҷуди ин, ҳанўз дар дунё теъдоди зиёди кўдакон ба мушкилоти ҷиддии иқтисодиву иҷтимоӣ дучор мегарданд ва на ҳамаи онҳо зиндагии шоиста доранд. Тибқи маълумоти Хазинаи кўдакони Созмони Милали Муттаҳид дар ҷаҳон беш аз нисфи ноболиғон дар хонаводаҳое умр ба сар мебаранд, ки дар онҳо хушунати ҷисмониву равонӣ ҷой дорад ва ҳамарўза аз даҳ кўдак як нафар дучори озори калонсолон мегардад.

Дар баъзе кишварҳои Осиёву Африқо кўдакон зери таҳдиди гуруснагӣ, бесаводӣ, задухўрдҳои низомӣ ва сироят гардидан ба бемориҳои вазнин зиндагӣ мекунанд. Шумораи фавти кўдакон дар ин кишварҳо нисбат ба мамлакатҳои пешрафта ду баробар зиёд аст ва беш аз 140 миллион кўдакон, ки аз нисф зиёди онҳоро духтарон ташкил мекунанд, аз муассисаҳои томактабӣ ва таълимӣ дур мондаанд.

Бо дарназардошти аҳамияти бузурги ин масъала, мо аз ибтидои давраи истиқлолияти давлатӣ Конвенсия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кўдак, Конвенсияи Созмони ҷаҳонии меҳнат оид ба барҳам додани шаклҳои вазнини меҳнати кўдакон ва дигар асноди байналмилалиро эътироф карда, дар ин замина санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқии кишварамонро бо муқаррароти онҳо мутобиқ сохтем.

Минбаъд бо мақсади ҳимояи ҳуқуқи кўдак ва иҷрои ўҳдадориҳои байналмилалӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор тадбирҳои мушаххас андешида шуданд. Дар назди ҳукумат Комиссия дар бораи ҳуқуқи кўдак таъсис ёфта, Нақшаи миллии амалиёт оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кўдак барои солҳои 2003-2010 ва Стратегияи миллӣ оид ба саломатии кўдакон ва наврасон барои давраи то соли 2015 қабул гардиданд.

Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар ҷаҳон аз рўи нишондиҳандаҳои синну сол яке аз давлатҳои ҷавон ба ҳисоб рафта, имрўз 35 фоизи сокинони мамлакатамонро кўдакону наврасон ташкил медиҳанд. Онҳо таҳти ғамхории доимии давлат ва ҳукумати мамлакат қарор доранд. Зеро Тоҷикистон тибқи Конститутсияи худ давлати иҷтимоист ва барои ҳифзи иҷтимоии кўдакону наврасон, аз ҷумла гурўҳҳои ниёзманду камбизоати аҳолӣ вазифадор мебошад. Инчунин ҳамаи кўдакони мамлакат узви соҳибҳуқуқи ҷомеаи мо буда, барои табобат, таҳсил ва фароғат ҳуқуқи комил доранд.

Дар Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар таъкид шудааст, ки «кўдак бинобар норасоии камолоти ҷисмонӣ ва фикриаш ба ҳимояву ғамхории махсус, аз ҷумла ба ҳифзи ҳуқуқ ҳам дар давраи то таваллуд ва ҳам баъди он эҳтиёҷ дорад». Аз рўи ин меъёр, инчунин дар асоси ҷавҳари инсонпарастонаи анъанаву суннатҳои мардуми куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик давлат ва ҳукумати Тоҷикистон ба кўдакону наврасоне, ки имконияти ҷисмонӣ ва вазъи иҷтимоияшон нисбатан маҳдуд аст, як силсила бартариву имтиёзҳоро муқаррар намудааст.

Бо мақсади таъмини ҳифзи иҷтимоии кўдакон, хусусан кўдакони маъюб, оид ба нигоҳубину парасторӣ, таҳсили бепул, таъминот бо нафақа, хобгоҳ, ҷои кор ва беҳтар намудани вазъи моддии кўдакон аз ҷониби ҳукумат то ба имрўз тадбирҳои зиёде андешида шудаанд ва мо ин равандро минбаъд низ идома медиҳем.

Яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти кишвари мо бо таҳсил фаро гирифтани кўдакону наврасон мебошад. Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таҳсилоти давлатӣ кафолат медиҳад.

Дар айни замон фарогирии хонандагон ба муассисаҳои таҳсилот 99 фоизро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба солҳои гузашта хеле зиёд мебошад.

Хурсандиовар аст, ки солҳои охир наврасону толибилмони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвари мо дар озмунҳои фаннӣ ва мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ҳам дар дохили мамлакат ва ҳам хориҷ аз он мунтазам ва фаъолона ширкат варзида, соҳиби мақоми баланд ва медалу ҷоизаҳо мегарданд. Зарур аст, ки ин кўшишу ғайрати фарзандони мо минбаъд низ дастгирӣ ва ташвиқ карда шавад ва ҳамсинфону ҳамсолони онҳо низ талош намоянд, ки бо онҳо баробар шаванд.

Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ва бедор кардани завқи эстетикии кўдакону наврасон мо махсус барои онҳо чанд сол пеш Муассисаи давлатии телевизиони «Баҳористон»-ро таъсис додем, инчунин нашрияҳои бачагонаи «Анбоз», «Чашма» ва «Машъал» фаъолият доранд, ки ҳамасола китобҳои бачагона ва дигар маводро бо теъдоди зиёд ба чоп мерасонанд.

Аз ҷониби давлат ва ҳукумати Тоҷикистон барои таълиму тарбияи ҳамаи гурўҳҳои кўдакону наврасон шароит муҳайё карда шудааст. Аз ҷумла барои фаро гирифтани кўдакони душвортарбия дар мамлакат мактаби махсус фаъолият дорад, ки таълим дар ин муассиса дар доираи барномаҳои махсус сурат гирифта, барои хонандагон шароити хуби зист ва таълиму тарбия фароҳам оварда шудааст.

ҷашнвора ё фестивали эҷодиёти бадеии ҷавонон ва наврасон бо номи «Сапеда», ки аввалин маротиба бо дастгирӣ ва маблағгузории ҳукумати Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат гузаронида шуд, аз ҷумлаи тадбирҳое мебошад, ки ҳукумати мамлакат ба хотири рушди маънавӣ ва тарбияи зебоишиносии наврасону ҷавонон амалӣ менамояд.

Вазорати фарҳанг бо супориши ҳукумати Тоҷикистон аз ҳисоби мутахассисони касбии соҳаи санъат гурўҳи корӣ ташкил намуда, ин чорабиниро аз моҳи марти соли равон оғоз кард, ки мову шумо имрўз ба ифтихори Рўзи ҳифзи кўдакон дар ҷамъбасти он ширкат дорем.

Мақсади асосии ҷашнвора пайдо ва муайян намудани захираи кадрии соҳаи фарҳангу санъат мебошад ва ғолибон-наврасони ноҳияҳои дурдасти мамлакат минбаъд таҳсили касбии худро дар таълимгоҳҳои санъат идома хоҳанд дод.

Дар ҷараёни ин ҷашнвора ва интихоби беҳтаринҳо хори бачагонаи Тоҷикистон таъсис ёфт, ки 280 нафар наврасони соҳибистеъдодро дарбар мегирад. Инчунин ансамбли рубобнавозон барқарор гардида, оркестри созҳои халқии бачагона ва ансамбли скрипканавозон ташкил карда шуд.

Вале дар баробари андешидани ҳамаи тадбирҳои зикршуда аз тарафи баъзе наврасону ноболиғон содир кардани қонуншиканӣ ва ҷиноят, ҳатто ҷиноятҳои вазнин ба назар мерасад.

Масалан, дар давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ дар қаламрави мамлакат 142 ҷинояти аз ҷониби ноболиғон содиршуда ба қайд гирифта шудааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари ҷиноятҳои ноболиғон ба иллати назорати сусти волидайн ва бетарафии мактабу ҷомеа, тақлид ба қаҳрамонони филмҳои дорои хусусияти зўроварӣ, ширкат дар марказҳои дилхушӣ ва истеъмоли шаробу маводи мухаддир сар задаанд.

Мо бояд пеши роҳи ин тамоюли номатлубро бо тамоми усулу воситаҳо гирем. Яке аз ҳадафҳои қонуни ба қарибӣ таҳияшуда «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки имрўзҳо дар баррасии мақоми олии қонунгузори мамлакат, яъне Маҷлиси Олӣ қарор дорад, низ ҳамин аст.

Мо баъди қабули ин қонун тавассути татбиқи он мехоҳем, ки дар баробари давлату ҳукумат падару модарон масъулияти худро бештар дарк кунанд ва вазифаҳои ба зиммадоштаашонро иҷро намоянд. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем дар самти таълиму тарбияи фарзанд ба натиҷаҳои назаррас ноил гардем.
Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон натанҳо рўзи таърихӣ, балки айёми ба ҷомеа ёдовар шудан аз зарурати риоя ва эҳтироми ҳуқуқи кўдак ва фароҳам овардани шароит барои ташаккули ҷомеаи инсонпарвару адолатпарвар аст. Аз ин лиҳоз, ин рўз иди калонсолон низ мебошад. Зеро кўдакон ниёз ба ғамхории доимӣ доранд ва калонсолон дар таъмини ниёзу эҳтиёҷоти онҳо масъуланд.

Яке аз ҳуқуқҳои бунёдии кўдакон ҳуқуқи якҷо бо падару модар зиндагӣ кардан ва дар оилаи солим тарбия ёфтан аст. Мутаассифона, имрўз имкониятҳои тарбиявии оила то андозае суст шуда, шумораи кўдаконе, ки аз муомилаи ноадолатонаи падару модар азият мекашанд, афзудааст.

Илова бар ин, ҳолатҳое низ ба назар мерасанд, ки ба ташаккули кўдак таъсири манфӣ мерасонанд. Аз ҷумла ҳолатҳои ба қайд нагирифтани таваллуди кўдак то ба ҳол ҷой дошта, баъзе падару модарон танҳо ҳангоми мактабравии фарзандонашон барои гирифтани шаҳодатнома муроҷиат мекунанд.

ҳолатҳои маҷбуран ба шавҳар додани духтарон, аз ҷумла духтарони ноболиғ ҳам ҷой доранд. Дар ин самт баъзе падару модарон фарзандони худро маҷбур мекунанд, ки таҳсилро баъд аз синфи нўҳ қатъ намоянд.

ҳарчанд ки мо то имрўз ба кўдакон тамоми шароити мусоиди меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳаддалимкон зиндагии озоду осударо фароҳам овардаем, лекин ҳанўз кўдакон яке аз гурўҳҳои осебпазири ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ нишондиҳандаи фавти модару кўдак дар қаламрави кишварамон кам шудааст, вале, мутаассифона, шумораи умумии фавти модарон дар муқоиса ба соли 2009 нисбатан зиёд мебошад.

Соли гузашта ҳукумати Тоҷикистон Стратегияи миллии ҳифзи саломатии аҳолиро барои солҳои 2010-2020 тасдиқ намуд, ки дар он масъалаи беҳдошти саломатии модару кўдак мақоми асосӣ дорад. Танҳо дар соли сипаришуда дар натиҷаи таъмин намудани таваллудхонаҳо ва бунгоҳҳои тиббӣ бо таҷҳизоти наву ҳозиразамони тиббӣ беш аз 50 ҳазор тифлони навзод ва наздики 200 ҳазор кўдакони синни то 5-сола дар шаҳру ноҳияҳои кишварамон имконият пайдо карданд, ки аз нигоҳубин ва хизматрасонии тиббии сифатан баланди замонавӣ бархурдор гарданд.

Давлат дар фаъолияти худ меъёрҳои байналмилалиро оид ба ҳимояи ҳуқуқ ва озодии кўдакон қадам ба қадам амалӣ мегардонад. Дар кишвари мо ҳимояи ҳуқуқ, ҳифзи саломативу ҳаёти кўдак, фароҳам овардани шароит барои таҳсилоти ў аз ҷумлаи самти афзалиятноки сиёсати давлат мебошад.

Ба ҷомеаи мутамаддин аз рўи меъёре баҳо медиҳанд, ки дар он нисбат ба ниёзмандтарин қишри ҷомеа, яъне кўдакони ятиму маъюбон ва мўйсафедон чӣ гуна муносибат мекунанд.

Аз ин рў, танҳо саъю талоши дастаҷамъонаву муштараки ниҳодҳои давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳар як шаҳрванди мамлакат метавонад ба зиндагии фарзандони кишвар хушбахтӣ ва оромиву осудагӣ бахшад.

Ҳозирини гиромӣ!

Дар пеш моро уфуқҳои боз ҳам фарохтару пуранвор интизоранд. Мо итминони комил дорем, ки шинохти дирўзу имрўзу фардо, ифтихор аз ваҳдату давлатдории миллӣ ва ба шукронаи соҳибистиқлоливу соҳибдавлатӣ ғамхорӣ кардан дар ҳаққи кўдакон ва ҳамчун насли солиму созанда тарбия кардани онҳо мардуми моро ба соҳили мурод мерасонад.

Танҳо набояд фаромўш кард, ки барои рушди ҳаматарафаи кўдак ва инкишофи ҷисмониву зеҳнии вай фазои орому озод, муҳити пурмуҳаббат ва эҳсоси ғамхорӣ нисбат ба ў лозим аст. Ояндаи ҷомеа дар дасти кўдакони имрўз аст, ки фардо ба воя расида, ҷомеаро идора мекунанд. Аммо онҳо чӣ гуна ба воя мерасанд ва ҷомеаро чӣ гуна идора мекунанд, аз мо - калонсолон вобаста мебошад. Инро бояд ҳар кадоми мо ҳамеша дар ёд дошта бошем. Яъне кўдакро мо бояд барои ҳаёти мустақилона дар ҷомеа ба таври шоиста омода кунем. Ўро бояд дар рўҳи сулҳдўстӣ, меҳнатдўстӣ, таҳаммулпазирӣ ва ахлоқи неку ҳамида тарбия намоем.

Чунонки ҳамаи шумо медонед, пас аз чанд моҳи дигар мо ҷашни бистсолагии истиқлолияти давлатии Ватани маҳбубамонро таҷлил менамоем. Истиқлолият сарчашмаи хушбахтиву хушрўз? ва сарбаландиву ифтихори тамоми мардуми кишварамон аст. Вазифаи шумо – кўдакону наврасони азиз ҳамчун насли хушбахти даврони истиқлолият ва ворисони сазовори миллату давлат дар навбати аввал азхуд кардани илмҳои замонавӣ ва технологияҳои муосир, хониши хубу аъло, рафтори намунавӣ, эҳтироми калонсолон, хусусан падару модарон иборат мебошад.

Ҳамзамон бо ин, шумо бояд Ватан - Модари худро бо меҳру муҳаббат ва садоқати бепоён дўст доред, ба арзиш?ои ҷовидонии миллӣ арҷ гузоред ва ниҳоят ҳамқадами замон бошед.

Бо ҳамин ниятҳои нек, ҳамаи кўдакони Тоҷикистони маҳбубро бори дигар ба муносибати ин иди байналмилалӣ табрик гуфта, умед дорам, ки ҳар кадоми шумо – кўдакону наврасони азиз дар оянда сазовори номи баланди фарзандони фарзонаи миллати тоҷдори тоҷик мегардед.

Ба ҳамаатон саломативу хушбахтӣ ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу оромӣ ва осмони соф орзумандам.

Хушбахту баландиқбол бошед, фарзандони азиз!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520