Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Шайбониро ба ҳузур пазируфт.
Дар оғози сўҳбат Муҳаммадризо Шайбонӣ паёми Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажодро ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расонид. Бо ин паём аз Эмомалӣ Раҳмон даъват карда шудааст, ки дар Иҷлоси байналмилалии «Муборизаи ҷаҳонӣ бар зидди терроризм», ки ба наздикӣ дар шаҳри Теҳрон баргузор мегардад, иштирок намояд.
Дар мулоќот, ҳамчунин доир ба мавзўъҳои гуногуни ҷаҳонию минтаќавӣ ва ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон гуфтугўйи судманд сурат гирифт.
Зимни сўҳбати пурмўҳтаво ҳарду ҷониб бори дигар омодагӣ ва ҳавасмандии худро ба рушди ҳамкории гуногунпаҳлў, аз ҷумла ба густариши робитаҳои иќтисодию сармоягузорӣ таъкид намуданд.