Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Акбари Солеҳӣ

29.03.2013 12:34, шаҳри Душанбе

Зимни мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Акбари Солеҳӣ масоили ҳамкории бисёрпаҳлӯи ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба омодагӣ ба сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба Тоҷикистон ва роҳҳои татбиқи амалии тавофуқоти муҳим доир ба анҷоми пурраи бунёди нерӯгоҳи Сангтӯда-2 ва оғози сохтмони нерӯгоҳи Айнӣ, кашидани хатти интиқоли нерӯи барқ, лӯлаҳои об, газ, нафт ва бунёди роҳи оҳани миёни Тоҷикистону Эрон зоҳир гардид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз афзоиши пайвастаи гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Эрон, ки ҳаҷмаш соли 2012 ба зиёда аз 217 миллион доллари амрикоӣ расид, таъкид дошт, ки “муомилоти молии кунунии ду кишвар баёнгари имконоти мавҷудаи иқтисодию тиҷоратии онҳо нест”.

Аз ин хотир беҳсозии шароити мутақобила барои рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла барои бахши хусусӣ зарур дониста шуд.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба мавзӯоти минтақавию ҷаҳонӣ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520