Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Ироқ дар Тоҷикистон Роҷиҳ Собир Аббуд ал-Мусавиро ҳамчунин алоҳида ба ҳузур пазируфт. Дипломати ироқӣ паёми шахсии Президенти Ҷумҳурии Ироқ Ҷалол Талабониро ба Сарвари давлати Тоҷикистон тақдим намуд. Дар он, аз ҷумла, аз Эмомалӣ Раҳмон даъват карда шудааст, ки дар вақти барои худ мувофиқ ба Ҷумҳурии Ироқ боздиди расмӣ анҷом диҳад.
Зимни сўҳбат изҳори боварӣ карда шуд, ки Сафари расмии Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷумҳурии Ироқ метавонад барои таҳким ва густариши муносиботи миёни ду кишвари дорои умумиятҳои амиқи таърихӣ заминаи ҳуқуқиву сиёсӣ эҷод намояд.