Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Муовини парлумонии вазири корҳои хориҷии Япония Минору Куичи

28.03.2013 19:00, шаҳри Душанбе

Зимни вохӯрӣ бо Муовини парлумонии вазири корҳои хориҷии Япония Минору Куичи масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин кишвари рушдёфтаи ҷаҳон баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон “ҳавасмандии самимии Тоҷикистонро ба таҳким ва густариши ҳамкории дарозмуддати гуногунҷанба бо Япония” таъкид дошт.

Аз дастгириҳои беғаразонаи Япония аз рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, ки тавассути сармоягузории лоиҳаҳо дар бахшҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа сурат мегирад, изҳори қаноат карда шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки танҳо аз ҷониби Агентии Япония доир ба ҳамкории байналмилалӣ ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 300 миллион доллари амрикоӣ грант ва кумакҳои техникӣ ҷудо гардидааст.

Тавре зикр гардид, дар ҳошияи ҳамоиши вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Гуфтугӯи Осиё доир ба ҳамкорӣ боз 2 санади нав оид ба кумаки техникии Япония ба бахшҳои роҳсозӣ ва тандурустии Тоҷикистон ба имзо мерасад.

Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои сершумори минтақавӣ, ки ҳамзамон ба рушди Афғонистон нигаронда шудаанд ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520