Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев

28.03.2013 17:46, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин намояндагони воломақоми як қатор давлатҳои Осиёро, ки барои иштирок дар ҳамоиши вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Гуфтугӯйи Осиё доир ба ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

Дар вохӯрӣ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвар баррасӣ шуд.

Эрлан Абдилдаев ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ду нома аз Президенти Қирғизистон Алмазбек Атамбаев тақдим намуд. Тавре зикр гардид, бо ин номаҳо Сарвари давлати Тоҷикистон ба Қирғизистон барои анҷом додани сафари расмӣ ва ҳам барои иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай даъват карда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон даъвати ҳамтои қирғизи худро пазируфта, ҳавасмандии Тоҷикистонро “ба рушди муносиботи босуботи дарозмуддат бо Қирғизистон” таъкид намуд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки “густариши робитаҳо бо Қирғизистони ҳамсоя аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст”.
Зикр гардид, ки барои дар сатҳи матлуб доир намудани ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон то замони ин сафар омодагии ҷиддӣ бояд дид.

Атрофи татбиқи лоиҳаи CASA-1000 (кашидани хатти 500-киловолтаи интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон) ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи ду давлат гуфтугӯи созанда сурат гирифт.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки зимни сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Қирғизистон ба рушди минбаъдаи муносиботи ду кишвар такони ҷиддӣ бахшида мешавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520