Имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва дигар шахсони масъул доир ба омодагӣ ба ҷашни солгарди 20 истиқлолияти давлатии Тоҷикистон машварати корӣ анҷом дод.
Доир ба рафти омодагӣ ба истиқболи шоистаи ҷашни 20 – солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон нахуст гузориши Муовини сарвазири кишвар Руқия Қурбонова шунида шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон масъулини дахлдорро вазифадор намуд, ки рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро доир ба омодагӣ ба ин ҷашни фархунда мавриди омўзишу таҳлил қарор дода, барои дар сатҳу сифати зарурӣ ба роҳ мондани корҳо чораҳои муассир андешанд.
Таъкид гардид, ки барои тарғибу ташвиқи арзишҳои волои озодӣ, давлатдории миллӣ, истиқлоли давлатӣ, ваҳдату ягонагӣ, бунёдкорию созандагӣ, ѓояҳои ватандўстию ватанпарварӣ ва баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ифтихору сарфарозӣ аз давлатдории мустақил бояд аъзои Шўрои ҷамъиятӣ, ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва зиёиёни кишвар васеъ сафарбар гарданд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки чорабиниҳои фарҳангию фароѓатӣ, варзишӣ ва солимгардонии аҳли ҷомеа бояд дар тамоми гўшаю канори кишвар бахшида ба ин санаи пурифтихор васеъ ба роҳ монда шаванд. «Ба тарѓиби тарзи ҳаёти солим ва истифодаи босамар аз иншооти варзишӣ низ бояд таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад», таъкид намуд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки мардуми Тоҷикистон солгарди 20 истиқлолияти давлатии кишварро, ки аз арзишмандтарин Ҷашнҳои миллии мо ба шумор меравад, бо дастовардҳои пурарзиши бунёдкорию созандагӣ ва ваҳдату ягонагӣ истиқбол мегиранд.