Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

19.03.2013 14:00

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳоро, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонид.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ», «Дар бораи иттифоқҳои қарзӣ», «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ», «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ», «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Дар бораи боҷи давлатӣ» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои қарзӣ» дар таҷрибаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал қабул гардида, асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии фаъолияти иттифоқҳои қарзӣ ва тартиби махсуси қарздиҳии онҳоро танзим менамояд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба ташкилу назорати савдо ва хизматрасонии маишӣ танзим намуда, барои сифатнок ва ба таври васеъ қонеъ гардонидани талаботи истеъмолкунандагон дар ин соҳаҳо шароити зарурӣ фароҳам меорад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ» асосҳои танзими давлатии суғуртаи ҳатмии нафақавиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намуда, муносибатҳои ҷамъиятиро дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ, вазъи ҳуқуқии субъектҳои суғуртаи ҳатмии нафақавӣ, заминаҳои пайдоиш ва тартиби татбиқи ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳо ва ҷавобгарии субъектҳои суғуртаи ҳатмии нафақавиро ба танзим медарорад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» дар таҳрири нав бо назардошти талаботи замони муосир қабул гардида, асосҳои ташкилию ҳуқуқии фаъолияти матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма ва кафолати давлатии озодии матбуотро муқаррар карда, муносибатҳоро дар ин соҳа танзим менамояд.

Инчунин қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» бо мақсади густариши муносибатҳо дар соҳаҳои танзими хариду фурӯши маҳсулоти тамоку ва беҳдошти вазъи саломатии аҳолӣ қабул гардидаанд.

Қонунҳои қабулгардида дар маҷмӯъ ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои инсону шаҳрванд, давлату ҷамъият, беҳдошти тандурустии аҳолӣ ва рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа нигаронида шудаанд.

Матни пурраи қонунҳои баимзорасида рӯзҳои наздик дар рӯзномаҳои расмии кишвар интишор карда мешаванд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520