Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ

07.03.2013 10:10

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот таъиншударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Тавре аён гардид, Бозор Одинаев Муовини вазири маориф, Шералӣ Ганҷалов Муовини вазири нақлиёт, Раҳматулло Каримов Муовини вазири мелиоратсия ва захираҳои об, Ҳасан Маҳмадаминов Роҳбари маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии Панҷ, Ибодулло Саидмуродов Мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ, Маҳмадшариф Бобошоев Мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои илм ва технологияҳои муосир, Талбак Хуҷамардов Мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрӣ ва Одинашо Муродов Мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидаанд.

Ғайр аз ин, сардорони шуъбаҳои №1 Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Синои пойтахт ва ноҳияи Рӯдакӣ, сардорони шуъбаҳои ин вазорат дар ноҳияҳои Шоҳмансури пойтахт, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон иваз карда шуданд.

Ҳамчунин сардори Раёсати назорати тафтишоти пешакии мақомоти прокуратураи Прокуратураи генералӣ ва прокурорҳои ноҳияҳои Варзоб, Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Шӯроободи вилояти Хатлон ва Панҷакенти вилояти Суғд иваз шуданд.

Сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва сардори шуъбаи ҳамин агентӣ дар ноҳияи Рашт низ иваз шуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият таъиншударо ба кору хизмати софдилонаю садоқатмандона ба давлату миллат ҳидоят намуда, таъкид дошт, ки барои тарбияи кадрҳои ҷавони соҳаҳои худ дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихору сарфарозӣ аз таъриху фарҳанги бостонии тоҷикон, давлату давлатдории миллӣ ва тарғибу ташвиқи шоистаи арзишҳои волои Истиқлоли Тоҷикистон пайваста ҷаҳду талош намоянд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520