Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи тасаллият ба Ноиб-Президенти Ҷумҳурии Боливарии Венесуэла Николас Мадуро

06.03.2013 18:11

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ноиб-Президенти Ҷумҳурии Боливарии Венесуэла Николас Мадуро барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Бо андӯҳи бузург хабари даргузашти Президенти Ҷумҳурии Боливарии Венесуэла Уго Чавесро дарёфт намудам.

Команданте Чавес аз маъруфтарин чеҳраҳои ҳаёти байналмилалии солҳои ахир буд. Ӯ барои кишвари хеш, ҳимояю тақвияти истиқлоли Венесуэла, беҳтар намудани зиндагии мардум ва равобити байналмилалии кишвар хидматҳои бузург анҷом дод. Аз ин рӯ ёди ӯ дар дили миллионҳо нафароне, ки ӯро ҳамчун муборизи роҳи озодиву истиқлоли Ватанаш дониста ва шинохта буданд, абадӣ боқӣ хоҳад монд.

Ҳоҳишмандам самимитарин тасаллият ва ҳамдардиҳои моро ба ҳамаи мардуми Венесуэла бирасонед».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520