Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикотӣ ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Арманистон Серж Саргсян

22.02.2013 13:40

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Арманистон Серж Саргсян барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:

«Муҳтарам Серж Азатович,

Шуморо ба муносибати дубора ба мақоми баланди Президенти Ҷумҳурии Арманистон интихоб шуданатон самимона табрик менамоям.

Ғолибияти кунунии Шумо дар интихобот шаҳодати ҷонибдорӣ аз сиёсати пиёда намуда таҳти роҳбарии Шумо дар самти шукуфоии Арманистон ва беҳбудии мардуми он мебошад.

Шуморо дар Тоҷикистон ҳамчун ҷонибдори боэътимоди рушди рӯзафзуни муносиботи шариконаи миёни ҳарду кишварҳоямон мешиносанд ва мо бебокона минбаъд низ ҳамкориҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистону Арманистонро ҷиҳати шукуфоии кишварҳоямон таҳким мебахшем.

Бо истифода аз ин фурсати гуворо, ба Шумо муҳтарам Серж Азатович тани сиҳат, хушбахтӣ ва дар вазифаи пурмасъулиятатон муваффақияти нав ба нав, ба мардуми дӯсти Арманистон бошад, сулҳ ва беҳбудӣ таманно дорам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520