Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба масоили Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Роберт Блейк

20.02.2013 18:50, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба масоили Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Роберт Блейкро ба ҳузур пазируфт.

Зимни баррасии маҷмӯи васеи масоили вобаста ба ҳамкории бисёрпаҳлӯи Тоҷикистону Амрико аз густариши робитаҳои судбахши ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Роберт Блейк аз номи Ҳукумати Амрико ба Сарвари давлати Тоҷикистон ва мардуми кишвар барои нақши намоён дар таъмини амну суботи минтақа, мусоидати фаъол ба эҳёи ҳаёти осоишта дар Афғонистон ва рушди иҷтимоию иқтисодии ин кишвари азияткашида арзи сипос намуд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки Амрико дастгирии худро аз тадбирҳои Тоҷикистон доир ба пурзӯр намудани мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир идома дода, ба он дар пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон ва таъминоти беҳтари моддию техникии нерӯҳои дахлдори кишвар мусоидати бештар хоҳад кард.

Ҳамкорӣ доир ба татбиқи босамари барномаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ низ аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд. Роберт Блейк Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро бо ворид шудани Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии савдо табрик гуфта, ин рӯйдодро қадами муҳим барои ҳамроҳ шудани кишвари мо ба тиҷорати озоди минтақавию ҷаҳонӣ номид.

Гуфтугӯи судманд ҳамчунин доир ба мавзӯи рушди ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ва ба таври озоду шаффоф ва одилона ба роҳ мондани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли равон сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520