Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Сафири Фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон Аббосалӣ Ҳасанов

20.02.2013 16:05, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Сафири Фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон Аббосалӣ Ҳасановро ба ҳузур пазируфт.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ шуд.

Таъкид гардид, ки корҳо барои татбиқи амалии санадҳои сершумори дуҷониба, ки дар сатҳу зинаҳои гуногун, аз ҷумла дар сатҳи олии сиёсӣ ба имзо расидаанд, бояд ҷоннок карда шавад.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки бо татбиқи босамари ин санадҳо муносиботи миёни ду кишвари дӯст ба сатҳи сифатан нав бароварда мешавад.

Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520