Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷа

19.02.2013 14:20, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷаро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат аз ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ аз ҷумла дастгирии рушди соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Тавре зикр гардид, тайи чанд соли охир барои дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ 800 миллион доллари амрикоӣ ҷудо шудааст. Танҳо дар соли охири молиявӣ, ки аз июли соли 2012 то июли 2013 идома дорад, ҷудо намудани 130 миллион доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст.

Муҳокимаи рафти корҳои тадқиқотию баҳодиҳии лоиҳаи бунёди нерӯгоҳи обии Роғун ва натиҷаҳои вохӯрии машваратии минтақавӣ дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд.

«Барои мо муҳим аст, ки мавқеи Бонки ҷаҳонӣ ва коршиносони он доир ба лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун воқеъбинона, мустақил ва шаффоф боқӣ монад», - изҳор дошт Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки имконсанҷии техникию иқтисодӣ ва баҳодиҳии иҷтимоию экологии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар сатҳу сифати байналмилалӣ анҷом дода мешавад.

Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба имконсанҷии техникию иқтисодии кашидани хатти баландшиддати барқии минтақавии CASA-1000 ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520