Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

11.02.2013 12:55, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як зумра масъулон аз Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат масоили созандагию бунёдкорӣ, ободонию кабудизоркунии муҳити зист ва дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон гузориши шахсони масъулро доир ба мавзӯъҳои машварат шунида, дар назди роҳбарони сохторҳои масъул барои тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист, шинондани ниҳолҳои сояафкану ороишӣ, бунёди боғу токзори нав, барқарорсозии боғоти кӯҳна, вусъат додани корҳои созандагӣ ва муҳайёсозии ҷойҳои иловагии корӣ вазифаҳои мушаххас гузошт.

Аз роҳбарони тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ новобаста аз шакли моликият, соҳибкорон ва дигар шахсиятҳои саховатпеша даъват карда шуд, ки ба манзури риоят аз анъанаҳои таҷлили ҷашну идҳои пурифтихор дар арафа ва рӯзҳои Наврӯзи хуҷастапай – иди байналмилалии Наврӯз ба ятимону бепарасторон, пирону барҷомондагон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва дигар ниёзмандон дасти кумак дароз намоянд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520