Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикотӣ ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод

11.02.2013 09:45

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Фарорасии ҷашни умумимиллии кишвари бародарро ба Шумо ва тамоми мардуми бародари Эрон самимона табрику таҳният мегӯям.

Мо ба дурнамои неки муносибатҳои ду кишвари ҳамкешу ҳамфарҳанг эътимоди қавӣ дорем, зеро ба шарофати густариш ва таҳкими онҳо дар арсаҳои бунёдӣ, қабл аз ҳама дар бахшҳои тиҷорату сармоягузорӣ, тӯли солҳои охир равобити байнидавлатии ду кишвар на фақат дар асоси дуҷониба, балки дар сатҳи бисёрҷониба низ пайгирона густариш ёфта, мазмуни сифатан нав касб намудааст.

Итминони комил дорам, ки муносибатҳои минбаъдаи мо дар асоси боэътимоди қарордодиву ҳуқуқии мавҷуда рушду тавсеа ёфта, боиси афзоиши назарраси ҳаҷми гардиши тиҷоратии байни ду кишвар ва сармоягузориҳои мустақими эронӣ ба иншооти стратегии иқтисоди Тоҷикистон мегарданд.

Дар ин айёми фархунда – бо ибрози табрикоти муҷаддад – ба Ҷаноби Олӣ сиҳатии комил ва комёбиҳои рӯзафзун ва ба мардуми шарифи Эрон амонӣ, саодат ва шукуфоӣ таманно дорам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520