Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз сафирони нав

07.02.2013 13:02, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони фавқулодда ва мухтори нави 9 давлати ҷаҳон дар Тоҷикистон эътимоднома қабул намуд.

Ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эътимодномаҳои худро сафири Австрия Волфганг Баняй, Сафири Шоҳигарии Норвегия Оле Ёҳан Бёрной, Сафири Шоҳигарии Испания Мануэл Ларротҷа Парада, Сафири Шветсия Аке Петерсон, Сафири Ҷумҳурии Мисри Араб Маҳмуд Гамил Аҳмад Элдиб, Сафири Салтанати Уммон шайх Яҳё ибни Абдулло ибни Солим оли Фанна, Сафири Ҷумҳурии Индонезия Фостер Гултом, Сафири Ҷумҳурии Демократии Федеролии Эфиопия Мулату Тешоме ва Сафири Ҷумҳурии Ангола Жоаким Аугусто де Лемуша тақдим намуданд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо сафирони нави давлатҳои номбурда рушду такомули ҳамкорӣ бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон ва ҳамқадам бо равандҳои пешрафти ҷомеаи ҷаҳонӣ буданро муҳим номида, изҳори боварӣ намуд, ки онҳо барои таҳким ва густариши робитаҳои кишварҳои худ бо Тоҷикистон ҷаҳду талош мекунанд.

Ба рушди ҳамкорӣ бо Австрия, Норвегия, Испания ва Шветсия чӣ дар чаҳорчӯби муносибатҳои дуҷониба ва чӣ дар доираи Иттиҳоди Аврупо ва дигар созмонҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба муҳтавои ҳамкории гуногунпаҳлӯ бо Ҷумҳурии Мисри Араб баҳои баланд дода, изҳори боварӣ намуд, ки робитаҳо бо давлати дигари арабӣ - Салтанати Уммон низ густариши бештар пайдо мекунад.

Бо ёдоварӣ аз мавқеи хоси кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Индонезия дар ояндаи наздик такони ҷиддӣ меёбад.

Робитаҳо бо кишварҳои қитъаи Африқо, аз ҷумла Ҷумҳурии Демократии Федеролии Эфиопия ва Ҷумҳурии Ангола, ки асосан дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ сурат мегирад, низ дорои дурнамои васеъ арзёбӣ гардид.

Сафирон низ дар навбати худ таъкид доштанд, ки барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ҷаҳду талош мекунанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520