Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

24.01.2013 16:44, шаҳри Душанбе

Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2012 ва вазифаҳо барои соли 2013 баргузор гардид.

Дар ҷаласаи Шӯрои амният роҳбарони ҳарду палатаҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири кишвар, масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президент, роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот, мақомоти олии судӣ ва адлия, Прокуратураи генералӣ, вазорату идораҳои бахши иқтисодӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

Дар ҷараёни ҷаласа роҳбарони сохторҳои мазкур доир ба натиҷаҳои фаъолият дар самти мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, дастгир намудани гурӯҳҳои хавфноки ҷиноятпеша, ҷамъоварии яроқу аслиҳаи ғайриқонунӣ аз аҳолӣ, аз байн бурдани шароити ба ҷинояткорӣ мусоидаткунанда ва дар маҷмӯъ таъмини амнияту субот дар кишвар гузориш доданд.

Тавре зикр гардид, соли 2012 ҷинояткорӣ коҳиш ёфта, дар маҷмӯъ 16 ҳазору 600 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли 2011 270 адад кам мебошад. Дар ин сол ҷиноятҳои вазнин 23 фоиз ва бо истифодаи аслиҳаи оташфишон 37 фоиз кам шудааст ва ин бо назардошти он, ки ҳолатҳои пинҳондории ҷиноятҳо ва ё ба қайд нагирифтани онҳо низ коҳиш ёфтааст.

Дар баробари ин таъкид гардид, ки пешгирӣ аз ҷинояту ҷинояткорӣ, ошкор намудани ҷиноятҳои содиргардида, ба ҷавобгарӣ кашидани ашхос ва гурӯҳҳои ҷиноятпеша фаъолияти хуб ҳамоҳангшуда ва босамари ҳамаи сохторҳои масъулро талаб мекунад.

Аз даст доштани баъзе кормандони сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ дар ҷиноятҳои коррупсионӣ ва мубодилаи маводи мухаддир изҳори нигаронӣ карда шуд.

Дар натиҷаи санҷишҳои молиявӣ ва тафтиши ҷиноятҳои коррупсионӣ соли 2012 дар ҳаҷми 166 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ зарари молиявӣ ошкор гардидааст, ки қисмате аз онҳо ба сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ рост меояд.

Дар соли 2012 кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ зиёда аз 5 тонна маводи мухаддир ошкор ва мусодира кардаанд.

Бо изҳори нигаронӣ аз он, ки имрӯз ҳам яроқу аслиҳаи ғайриқонунӣ дар дасти аҳолӣ вуҷуд дорад, зикр гардид, ки танҳо соли 2012 аз гурӯҳҳои ҷинояткор дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 442 мил силоҳи оташфишони гуногунтамға ва миқдори зиёди муҳимоти ҷангӣ мусодира карда шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба вусъат ёфтани равияҳои террористӣ, экстремизми диниву сиёсӣ ва фаъолияти тахрибкоронаи онҳо дар ҷумҳурӣ ва минтақа зоҳир гардид. Тавре иттилоъ дода шуд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар зарфи 5 соли охир 128 парвандаи ҷиноятиро нисбат ба 626 нафар фаъолон ва ҷонибдорони созмону ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ мавриди тафтиш қарор додаанд.

То имрӯз нисбат ба 600 нафар аъзои созмонҳои диниву экстремистии «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Ҳаракати исломии Узбекистон» ва «Ҷамъияти Таблиғ» беш аз 120 парвандаи ҷиноятӣ баррасӣ гардидааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба он, ки қисмате аз ин ҷинояткорони экстремист хатмкардагон ва таҳсилкунандагони мактабҳои ғайриқонунии динии баъзе кишварҳои хориҷӣ мебошанд, бори дигар таъкид намуд, ки тамоми ҷавонону наврасони гумроҳшуда аз чунин муассисаҳои хатарноки таълимӣ ба ватан баргардонда шаванд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз шикоятҳои шаҳрвандон аз амалҳои ғайриқонунии судяҳо ва кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастур дод, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониш ва такмили таҷрибаву маҳорати касбии судяҳо, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии онҳо, ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрванд, соҳибкорону хоҷагидорон, таъмин намудани адолати судӣ, роҳ надодан ба кашолкорӣ ва дигар кирдорҳои ғайриқонунӣ ҳангоми баррасии парвандаҳо, инчунин баррасии воқеъбинонаву саривақтии муроҷиати шаҳрвандон чораҳои муассир андешанд.

Дастуру супоришҳои мушаххас, ҳамчунин доир ба пурзӯр намудани қудрати мудофиавии давлат, боло бурдани сатҳи омодагии сохторҳои низомӣ, тақвият бахшидани ҳифзи марзҳои давлатӣ, беҳсозии таъминоти моддию техникии ҷузъу томҳои низомӣ, таҳкими интизоми ҳарбӣ ва баланд бардоштани рӯҳияи маънавӣ ва ҳисси ватандӯстии муҳофизони марзу буми кишвар дода шуд.

Бо ёдоварӣ аз вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир ва таҳаввулоту ҳодисаҳои минтақаҳои гуногуни олам изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳар як ходими давлатӣ ва муҳофизи Ватан тамоми нерӯву маҳорати худро бо рӯҳияи садоқат ба савганди ҳарбӣ, ҷасорату мардонагӣ ва ватандӯстиву инсондӯстӣ, ба ҳимояи боэътимоди марзу буми давлати соҳибистиқлоламон ва таҳкими арзишҳои милливу дастовардҳои истиқлолият сафарбар менамоянд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520