Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Намояндаи доимии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон Си Си Ю

22.01.2013 12:55, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи доимии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон Си Си Юро ба ҳузур пазируфт.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории кунунӣ ва дурнамои рушди робитаҳои судбахш баррасӣ шуд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки тайи 15 соли ҳамкорӣ аз ҷониби Бонки осиёии рушд барои дастгирии пешрафти иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон наздики 1 миллиард доллари амрикоӣ маблағҳои қарзи имтиёзӣ, грант ва кумаки техникӣ ҷудо шудааст. Ғайр аз ин дар солҳои 2013-2014 барои беҳсозии роҳҳо, шабакаҳои барқӣ, рушди бахши хусусӣ ва ҳамкории минтақавӣ наздики 140 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои грантӣ ҷудо мегардад.

Ҳамзамон бо ин таъкид гардид, ки имкону захираҳои истифоданашуда барои густариши ҳамкории ба ҳарду ҷониб судбахш ҳанӯз зиёд аст. Аз ин хотир ҳарду ҷониб ба рушди бештар ва тавсиаи самтҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла ба иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои минтақавии энергетикиву нақлиётӣ доир ба бунёди нерӯгоҳҳои нави барқӣ, навсозии нерӯгоҳҳои мавҷуда, кашидани хатҳои интиқоли нерӯи барқ ва сохтмони роҳҳои оҳану мошингард, ҳавасмандии худро таъкид намуданд. Тавре таъкид гардид, дастгирии рушди бахши хусусии Тоҷикистон ва ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ бахши муҳими ҳамкорӣ хоҳад буд. Ҳамчунин зикр гардид, ки дар стратегияи нави ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки осиёии рушд, ки барои солҳои 2014-2018 таҳия мегардад, дар баробари рушди энергетика, нақлиёт ва бахши хусусӣ, шояд тадбирҳо барои таъмини амнияти озуқаворӣ низ пешбинӣ гарданд.

Дар вохӯрӣ, ҳамчунин атрофи дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520