Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикотӣ ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбаев

14.01.2013 10:47

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбаев барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

«Муҳтарам Алмазбек Шершенович,

Барои ман боиси фараҳмандист, то ба Шумо ва дар шахси Шумо ба тамоми мардуми бародари Қирғизистон табрикоти самимии худро ба муносибати 20-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатии байни ду кишвар ирсол намоям.

Боиси хурсандист, ки тайи солҳои сипаришуда баъд аз ин воқеаи барои мо таърихӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон мунтазам анъанаҳои чандинасраи муносибатҳои дӯстона, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳусни илтифоти мутақобиларо байни мардумашон инкишоф додаанд.

Мо ба сатҳи мушорикати кунунии ташаккулёфтаи кишварҳоямон баҳои баланд дода, ният дорем минбаъд низ онро дар сатҳи сиёсӣ, соҳаи амният, бахшҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва дигар бахшҳои ҳамкорие, ки дар онҳо манофеи ду давлат мувофиқ омадаанд, густариш диҳем.

Ман боварии қатъӣ дорам, ки ин гуна талоши мо дутарафа мебошад ва дар натиҷаи кӯшишҳои муштарак ҳамкории байни кишварҳои мо дар асоси принсипи манфиати мутақобила дар оянда низ устуворона ба манфиати халқҳоямон рушд хоҳад ёфт.

Омодагии худро барои амалҳои муштараки минбаъда оид ба пурра намудани муносибатҳои кишварҳоямон бо муҳтавои ҷадид иброз намуда, ба Шумо, муҳтарам Алмазбек Шершенович, саломатии бардавом, бурдборӣ ва комёбиҳо дар фаъолияти давлатиатон ва ба мардуми бародари қирғиз – беҳбудӣ ва сулҳу саодатмандиро таманно дорам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520